Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Карзай дар нишасти Лондон


Президент Ҳомиди Карзай гуфт, ки Афғонистон бояд “бародарони раҳгумзада”-ро, ки узви гурӯҳҳои террористӣ нестанд, ба хотири барқарории сулҳу субот ба ҷараёнҳои барқарорсозӣ ҷалб кунад. Зимни суханрониаш дар конфронси Лондон, ки ба масоили Афғонистон ихтисос ёфтааст, Карзай аз шоҳи Саъудӣ Абдуллоҳ даъват кард, ки дар сулҳи кишвараш нақши фаъол бибозад. Вай инчунин аз ҳамсояҳои Афғонистон, ба шумули Покистон даъват кард, ки талошҳои сулҳро дар ин кишвар пуштибонӣ кунанд. Карзай гуфт:

“Мо бояд ҳама ҳамватанонамон, ба вижа он бародаронеро, ки гумроҳ шудаанду бахше аз Ал-Қоида ва ё дигар гурӯҳҳои террористӣ нестанд, даъват кунем, то ки Қонуни Асосии Афғонистонро бипазиранд”.

Дар ҳамин нишаст нахуствазири Бритониё Гордон Браун барномаи мусолеҳаи миллии Афғонистонро, ки Карзай пешниҳод кард, пуштибонӣ намуд. Ин барнома бештар барои эҷоди ҷойҳои корӣ ва пуштибонии иқтисодии Толибони мӯътадил, хатми хушунату ошӯбҳо равона шудааст. Браун изҳори умедворӣ кард, ки нирӯҳои байналмилалӣ хоҳанд тавонист то охири соли ҷорӣ масъулияти назорат аз вазъи амниятии ин кишварро ба дӯши нирӯҳои миллии Афғонистон вогузор кунанд.
XS
SM
MD
LG