Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи рӯзи 28-уми январ дар назди бинои мақомоти шаҳрдории Хоруғ наздик ба 70 тоҷири бозори нави ин шаҳр аз ҳарҷу марҷи муфлискунанда дар кори бозорҳо эътироз карданд.

Эътирозгарон гуфтанд, ки танзим нашудани наҳваи тиҷорат дар бозорҳои кӯҳна ва нав аз ҷониби мақомот ба мухолифати байни ду бозор ва муфлисшавии тоҷирони бозори нав сабаб шудааст.

Онҳо мақомоти шаҳру вилоятро муттаҳам карданд, ки тирамоҳи соли гузашта ҳангоми кӯчонидани нисфи тоҷирони бозори маркази шаҳр ба ҷойи нав ваъда додаанд, ки кулли савдогарони молу коло ба тадриҷ ба бозори нав кӯчонида шуда, бозори кӯҳна барои фурӯши маводи хӯрока ва меваву сабзавот боқӣ мемонад.

Кибриё Дилдорбекова, яке аз эътирозгарон изҳор дошт, ки аммо тоҷирони афғону қирғиз бозори кӯҳнаро бо молу коло пур кардаанд ва азбаски мардум барои рафтану харид намудан ба канораи шаҳр ҳавасманд нестанд, тоҷирон дар бозори нави холӣ аз харидор муфлис шудаанд.

Вай гуфт, ки акнун тоҷирон дар пардохти ҳаққи иҷора ва андоз ва баргардони қарзҳои бонкӣ ба мушкилот дучор шудаанд. Кибриё афзуд, аммо намояндагони мақомот арзу шикояти тоҷиронро қабул накардаанд ва мушкилоти онҳо ҳалношуда боқӣ мемонад.

Намояндаи раёсати корҳои дохилии Бадахшон эътирози тоҷиронро ғайриқонунӣ хонда гуфт, ки дар сурати такрори ҳодиса маъмурони бозор ва ё созмондиҳандагон муҷозот хоҳанд шуд.

Аммо намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, ки дар тӯли як ҳафта наҳваи тиҷоратро дар бозорҳои наву кӯҳна танзим хоҳанд кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан тоҷирони бозори кӯҳна изҳор доштанд, ки онҳо чанд рӯз пеш аз кӯшиши шаҳрдорӣ барои тахриби растаҳои савдояшон ҷилавгирӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG