Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, ҷанги Ироқ анҷом меёбад


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки ҷанги Ироқ дар ҳоли анҷомёбист ва ҳама нирӯҳои амрикоӣ ба ватан бар хоҳанд гашт. Дар нахустин суханрониаш дар баробари конгресс шоми чоршанбе дар Вашингтон Обама гуфт, ки ҳама нирӯҳои амрикоӣ тибқи нақша то охири моҳи августи имсол аз хоки Ироқ берун мешаванд. Вай гуфт:

“Ҳамонтавре ки мо зидди Ал-Қоида мубориза мебарем, ҳамин тавр бо эҳсоси масъулият Ироқро дар ихтиёри мардуми ин кишвар вогузор мекунем. Ҳанӯз дар давраи номзадиам ман ваъда дода будам, ки ҷангро хотима хоҳам дод ва ҳоло ба унвони президент ин корро мекунам. Мо ҳама нирӯҳои худро то охири августи имсол аз ин кишвар берун мекашем. Аммо дар айни замон, ба давлати Ироқ дар баргузории интихобот кӯмак мекунем ва ҳамоно ба хотири сулҳу шукуфоии минтақа дӯсту шарики мардуми ин кишвар хоҳем монд”.

Барак Обама гуфт, ки дар тӯли соли гузашта шумори хеле зиёди ҷангиён ва раҳбарони гурӯҳҳои шӯришиву Ал-Қоида боздошт ва нобуд шуданд ва шумори ингуна мавридҳо ба маротиб бештар назар ба нишондодҳои соли 2008 мебошад.
Дар робита бо Афғонистон Обама ҳушдор дод, ки рӯзҳои душвор ҳанӯз дар пеш аст, вале ӯ мутмаин аст, ки нирӯҳои эътилофии таҳти раҳбарии Амрико билохира пирӯз хоҳанд шуд. Президент бори дигар нақшаи истиқрори нирӯи бештари иловагиро дар Афғонистон таъкид кард, то ки, ба гуфтаи ӯ, худи афғонҳо тавонанд аз моҳи июли соли оянда масъулияти назорат бар вазъи амниятии кишварашонро ба ӯҳда бигиранд.
XS
SM
MD
LG