Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон, дар оғози конфронси байналмилалии марбут ба масоили Афғонистон гуфт, ки кишвари вай 15 соли оянда ба кӯмак ниёз хоҳад дошт.

Зимни суханрониаш пеш аз шурӯи конфронси байналмилалӣ дар Лондонраисиҷумҳурии Афғонистон дар сӯҳбат бо Би-Би-Си гуфт, ки ҷараёни тамрину муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои амниятии Афғонистон аз 5 то 10 солро дар бар хоҳад гирифт ва барои ин ҳама барномаҳо кӯмаки беруна лозим хоҳад шуд.

Дар конфронси бахшида ба масоили Афғонистон дар пойтахти Бритониё, ки тоза шурӯъ ба кор кард, намояндаҳои ҳудудан 70 давлати ҷаҳон ширкат мекунанд. Намояндаҳои баландпояи ин давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ стратегияи хатми ҷанг дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Аз ҷумла Тоҷикистонро ба унвони кишвари ҳамсарҳаду ҳамҷавори Афғонистон вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагӣ мекунад. Бар тибқи иттилои манобеи маҳаллӣ, оқои Зарифӣ бо пешниҳоди амалисозии чанд тарҳи иқтисодӣ бо Афғонистон ба ин нишаст сафар кардааст.

Ин тарҳҳо марбут ба бунёди роҳҳои мошингузар ва роҳи оҳан аст, ки Тоҷикистонро тавассути Мазори Шариф бо Туркманистон пайванд диҳад, бунёди хатҳои барқ дар чаҳорчӯби тарҳи минтақавии мавсум ба CASA-1000, бунёди лӯлаи газ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути хоки Афғонистон ва ҳамчунин бунёди хати барқи 220 киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон аст.

Қабл аз сафар ба Лондон оқои Зарифӣ гуфт, ки мавқеи Тоҷикистон дар нисбати Афғонистон бетағйир монда, Душанбе ҳамеша хостори сулҳу субот дар ин кишвар будааст. Ӯ афзуд, ки барномаҳои нави Ҳомиди Карзай барои ҷалби Толибон ва дигар гурӯҳҳои мӯътадили ҷангӣ барои ташкили ҳукумати нав масъалаест, ки ба он Тоҷикистон дахолат карда наметавонад.

Баъди суқути режими Толибон дар охири соли 2001 ва шурӯи амалиёти зиддитеррор дар ин кишвар аз ҷониби давлатҳои эътилофӣ ҳамоно оташи ҷанг дар Афғонистон хомӯш нашуда барномаҳои барқарорсозии давлат бо кундӣ пеш меравад.

Ҳомиди Карзай ният дорад дар нишасти имрӯзаи Лондон аз давлатҳои дӯсти Афғонистон ва донорҳо кӯмакҳои бисёрмиллиондолларӣ тақозо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG