Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конфедеросиюни футболи Осиё ба 11 созмони миллӣ барои ширкат дар мусобиқоти Ҷоми раиси AFC даъватнома фиристод.

Сабқати интихобӣ аз 6-ум то 16-уми майи соли равон баргузор хоҳад шуд. Қаҳрамонони футболи 11 кишвари қора ба се гурӯҳ тақсим мешаванд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи имсола дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии футболи кишвар, намояндагӣ мекунад.

Дар марҳилаи муқаддамотӣ, ба ғайр аз «Вахш», қаҳрамонони футболи Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Тайван, Қирғизистон, Мянмар, Непал, Покистон, Шри-Ланка ва Туркманистон ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC аз соли 2005 барои шашумин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзодаи Тоҷикистон се бор ва «Дордой-Динамо»-и Норини Қирғизистон ду бор барандаи ин Ҷом гардидаанд.
XS
SM
MD
LG