Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Браун дар конфронси Афғонистон


Нахуствазири Бритониё умедвор аст нирӯҳои байналмилалӣ хоҳанд тавонист то охири соли ҷорӣ масъулияти таъмини амниятро ба нирӯҳои миллии Афғонистон вогузор кунанд. Гордон Браун гуфт:

“Ин конфронс аз оғози марҳилаи гузор дарак медиҳад, ки дар сурати мувофиқа бо шарту шурути зарурӣ мо метавонем ба интиқоли ноҳия ба ноҳия ва вилоят ба вилояти масъулияти таъмини амният аз нирӯҳои байналмилалӣ ба ихтиёри нирӯҳои миллӣ ва ҳам мардуми Афғонистон шурӯъ кунем”.

Гордон Браун бо чунин суханҳо дар оғози нишасти кишварҳои пуштибон ва созмонҳои байналмилалии ёрирасон ба Афғонистон суханронӣ кард, ки имрӯз дар Лондон шурӯъ ба кор кард. Вай афзуд, ки ҳанӯз марҳилаҳои сахту душворгузар дар пеш аст, аммо бо ин вуҷуд фурсат дигар ба танг шудани мавқеи Толибон ишора дорад.
XS
SM
MD
LG