Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёмадҳои дарозмуддати бӯҳрон дар иқтисоди Тоҷикистон


Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев гуфт, ки ин кишвар ба таври ҷиддӣ паёмадҳои бӯҳрони молиро дар тӯли чанд соли оянда эҳсос хоҳад кард. Вай гуфт, алорағми пешгӯиҳои беҳбудёии вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик, аммо Тоҷикистон ҳоло то ду соли дигар аз паёмадҳои бӯҳрон азият хоҳад шуд. Вай дар нишасти ахири матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки пастравии нархи алюминий ва пахтаи хом дар бозори ҷаҳонӣ, ки маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, боиси дар соли 2009 аз 400 миллион доллар бебаҳра мондани иқтисоди Тоҷикистон шудааст. Вай гуфт, давлат ният дорад дар солҳои 2011-2012 тадбирҳои зиддибӯҳрониро роҳандозӣ кунад, ки барои таҳкими иқтисоди кишвар равона хоҳад шуд.
Фаррух Ҳамралиев гуфт, соли 2009 нишондодҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 дар садро ташкил додааст, дар ҳоле, ки соле аз ин пеш ду баробар бештар будааст. Пешгӯиҳои соли 2010 аз назари вазир ин аст, ки ин нишондодҳо ба 5 % афзуда шавад.
XS
SM
MD
LG