Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби қатъи кори телевизиони СМТ


Зиннатулло Исмоилов, мудири кулли СМТ

Зиннатулло Исмоилов, мудири кулли СМТ

Дар заминаи ихтилоф бо Маркази телевизионии Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, аз мудири телевизионии хусусии "Симои мустақили Тоҷикистон" (СМТ), Зиннатулло Исмоилов, тақозо шудааст, ки пахши намоишҳои ин шабакаро қатъ кунад.

Ин тақозо аз тарафи афроде расонда шудааст, ки худро намояндагони хадамоти танзими амвоҷи нашаротӣ дар Вазорати нақлиёт ва мухобирот номидаанд.

Дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ, Зиннатулло Исмоилов гуфт, боздиди ҳайати мутахассисон аз дафтари СМТ ва талаби, ба гуфтаи ӯ, таҳдидомези онҳо, дар ҳоле сурат мегирад, ки СМТ комилан дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар амал карда, тамоми асноди заруриро баро пахши намоишҳояш рӯйи амвоҷи муайян дорад. Аммо Маркази телевизионии Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ, бидуни сабтином ва муҷаввиз дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон намоишҳои худро дар мавҷҳои СМТ пахш мекунад.

Ба гуфтаи ҷаноби Исмоилов ин баҳси фаннӣ ва маъмурӣ аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ давом карда, дар ростои интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳарчӣ бештар рӯҳияи сиёсӣ касб мекунад. Вазорати нақлиёт ва мухобирот, ки вазифадор аст, истифодаи амвоҷи радиоӣ ва телевизиониро назорат ва танзим кунад танҳо ахиран барои ҳалли баҳс як кумиссюн додааст.

Дар ҳоле ки хабари боздиди ҳайати мутахассисон аз дафтари СМТ паҳн шуд, раиси хадамоти танзими амвоҷи нашаротӣ дар Вазорати нақлиёт ва мухобирот, Қадамҷон Сайфиев, ба хабаргузории "Авесто" гуфтааст, "на ӯ ва на раҳбарияти болотар касеро ба СМТ нафиристодаанд."

Вай ваъда додааст, ки агар чунин афрод ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт ва мухобирот ба дафтари СМТ рафта бошанд, бояд дарёфт ва муҷозот шаванд.

Бино бар қонунҳои Тоҷикистон, фазои иттилоотии ин кишвар дар салоҳияти Кумитаи радио ва телевизион, вазоратҳои Нақлиёту мухобирот, фарҳанг ва адлия қарор дорад. Аммо Маркази телевизионии Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аз ҳеҷ кадоми ин идораҳои Тоҷикистон иҷозатномаи пахши намоиш ва барномаҳоро нагирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG