Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Форуми Давос ба бознигарии низоми сармоядорӣ


Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, зимни суханронӣ дар Форуми Давос
Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, зимни суханронӣ дар Форуми Давос

Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Давоси Швейтсария гуфт, бӯҳрони ҷаҳонии молӣ тақозо мекунад, то низоми сармоядорӣ дар ҷаҳон ба таври решагӣ бознигарӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, сармоядорӣ бояд арзишҳои ахлоқӣ низ дошта бошад. Саркозӣ муомилоти нопоки молӣ, бенизомӣ ва найрангбозиҳо бо суратҳисобҳоро мавриди интиқод қарор дода гуфт, ки ин ҳама соли гузашта ҷаҳонро дар вартаи фоҷеаи молӣ қарор дод.

Саркозӣ муомилоти нопоки молӣ, бенизомӣ ва найрангбозиҳо бо суратҳисобҳоро мавриди интиқод қарор дода гуфт, ки ин ҳама соли гузашта ҷаҳонро дар вартаи фоҷеаи молӣ қарор дод ...
Раисиҷумҳури Фаронса изҳор намуд, ки агар раҳбарони ширкатҳои бузургу бонкҳо ва сиёсатмадорон ба низоми сармоядорӣ тағйироти решагӣ ворид накунанд, ин бемасъулиятии бузург хоҳад буд.

Мақомоти кишварҳое чун Фаронса, Бритониё ва ИМА ба хотири ҷилавгирӣ аз, ба истилоҳ, озмоишҳои озоди молие, ки саранҷом ба сар задани бӯҳрон овардаанд, талош доранд, то дар низоми молӣ қоидаву талаботи шадидтар ҷорӣ намуда, назоратро ҳам сахттар кунанд.

Аммо раҳбарони бонкҳои бузурги ҷаҳонӣ ба ин кӯшишҳо мухолифат мекунанд. Соли гузашта раҳбарони ин бонкҳо ба ҳамоиши Давос наомаданд, зеро мардум онҳоро гунаҳкорони аслии бӯҳрон меҳисобанд. Раҳбарони бонкҳо гуфтанд, ки онҳо нахостанд ҳузурашон дар нишасти Давос боиси бурузи эътироз ва хашми омма шавад.

Раисиҷумҳури Фаронса гуфт, ки иқдоми муайяни ҳукуматҳои кишварҳо ҷаҳонро аз фурӯпошии низоми молӣ наҷот дод ва аммо аввалин падидаҳои эҳёи иқтисод набояд ишорае барои лағви барномаҳои зиддибӯҳронӣ шавад.

Алорағми ин раҳбарони ниҳодҳои молии ҷаҳон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки талаботу назорати шадид метавонад эҳёи иқтисоди ҷаҳонро мутаваққиф кунад.

Айни ҳол эҳёи устувори иқтисод баъд аз бузургтарин бӯҳрони молӣ аз замони Ҷанги дуввуми ҷаҳон мушоҳида мешавад ...
Ҳамин тавр раҳбари Бонки Барклай Боб Диамонд гуфт, ки мухолифи пешниҳоди раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар бораи маҳдуд намудани ҳаҷми бонкҳо ва паст кардани ӯҳдадориҳояшон мебошад. Вай афзуд, коҳиши ҳаҷми бонкҳо ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва иқтисоди саросарӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Миллиардер Ҷорҷ Сорос низ гуфт, ки даъвати Обама барои талаботи бештар аз бонкҳои бузург саривақтӣ нест. Ӯ афзуд, ки эъмоли молиёти нав болои бонкҳо мухолифи сиёсати ИМА хоҳад буд, зеро ҳукумат мехоҳад бо ҳар роҳ ба бонкҳо кумак намояд, то ки роҳи бурунрафт аз бӯҳронро пайдо кунанд.

Бино бар назарсанҷие, ки аз ҷониби ширкати “Pricewaterhouse Coopers” сурат гирифтааст, айни ҳол эҳёи устувори иқтисод баъд аз бузургтарин бӯҳрони иқтисодӣ аз замони Ҷанги дуввуми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Дар назарсанҷӣ 1200 раҳбарони ширкатҳо аз 52 кишвари ҷаҳон ширкат варзидаанд ва 39 дарсади онҳо гуфтаанд, ки соли 2010 нақша доранд, коргарони навро ба кор бигиранд. Соли гузашта 50 дарсади раҳбарони корхонаҳо талош мекарданд, то ҷойҳои кориро коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG