Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як "мӯъҷиза" дар Ҳаитӣ


Наҷотбахшони фаронсавӣ 15 рӯз баъд аз заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ аз зери харобаҳо як духтари 17 соларо берун карданд. Худи наҷотбахшон мегӯянд, ки аз зери оворҳо зинда берун кардани ин духтар як мӯъҷиза аст. Корҳои ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ дар Ҳаитӣ чанд рӯз қабл қатъ карда шуданд, зеро мақомот изҳор намуданд, ки умеде барои пайдо кардани зиндаҳо боқӣ намондааст.
Мақомоти Ҳаитӣ мегӯянд, ки бар асари заминларзаи мудҳиши рӯзи 12 январ тақрибан 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи чаҳоршанбе Сандуқи байнулмилали асъор эълом кард, ки барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ 102 миллион доллар қарзи бидуни мафодро дар ихтиёри ҳукумати Ҳаитӣ мегузорад.
XS
SM
MD
LG