Пайвандҳои дастрасӣ

Шаймиев мақоми президенти Тотористонро тарк мекунад


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, номзадии Рустам Минихоновро ба мақоми раисиҷумҳури Тотористон пешбарӣ кард. Акнун номзадии сарвазири феълии Тотористон бояд аз сӯи Шӯрои давлатии ҷумҳурӣ пазируфта шавад. Аз ин пеш раҳбари Тотористон Минтемир Шаймиев аз Медведев хоҳиш карда буд, ки ваколатҳояшро тамдид накунад, “то сиёсатмадорони ҷавон имкони намоиши тавонмандӣ дошта бошанд”.
Минтемир Шаймиев – нахустин раисиҷумҳури Тотористон аст ва аз соли 1991 ба ин сӯ раҳбарии ин ҷумҳурии тобеъи Русияро бар дӯш дорад. Мӯҳлати ваколати ӯ дар мақоми раисиҷумҳур 25 марти соли равон ба итмом мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG