Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Вошингтон барои созиш омодаанд


Шоми гузашта сарони Русия ва ИМА дар як сӯҳбати телефонӣ мавзӯъи имзои созиши нави коҳиши силоҳи стратегиро баррасӣ карданд. Ба иттилоъи дафтари матбуотии Кремл, Дмитрий Медведев ва Барак Обама ба созиш расиданд, ки аз масъулин дар зудтарин фурсат хатм кардани таҳияи тарҳи созишро талаб кунанд. Музокирот ҳайатҳои ИМА ва Русия оид ба коҳиши силоҳи стратегӣ рӯзи 1 феврал дар Женева шурӯъ мешавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дирӯз баъд аз мулоқот бо ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки таҳияи тарҳи созиши нав ҳафтаҳои наздик ба итмом мерасад. Мӯҳлати созиши пешини коҳиши силоҳи стратегӣ моҳи декабри соли гузашта хотима ёфт.
XS
SM
MD
LG