Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун раиси дафтари СММ дар Кобулро иваз кард


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ эълом кард, ки дипломати швед Стаффан де Мистураро раиси дафтари СММ дар Кобул таъин кардаст. Де Мистура дар ин мақом дипломат аз Норвегия Кай Эйдиро иваз хоҳад кард. Бан Ки Мун гуфт, ки де Мистура аз рӯзи 1 март ба ифои вазифа шурӯъ мекунад.
Стаффан де Мистура аз моҳи июли соли гузашта ба ин сӯ дар мақоми нойиби раиси равобити берунаи Барномаи ҷаҳонии озуқа, мақараш дар Рум, фаъолият дорад. Аз ин пеш ӯ фиристодаи вижаи СММ дар Ироқ буд.
XS
SM
MD
LG