Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти Афғонистон дар Лондон баррасӣ мешавад


Имрӯз дар Лондон конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон баргузор мешавад. Қарор аст, ки дар ин нишаст ҳайатҳои тақрибан 70 кишвар, аз ҷумла, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ширкат кунанд. Шоми дирӯз Теҳрон эълом дошт, ки ба нишони эътироз аз бетафовутии Ғарб ба пешниҳодҳояш оид ба ҳалли мушкилоти Афғонистон аз ширкат дар нишасти Лондон худдорӣ меварзад.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар конфаронс вазъи амниятӣ дар Афғонистон, роҳҳои пайдо кардани мусолиҳа бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”, омодагиҳо барои бар дӯши нерӯҳои амниятии Афғонистон вогузоштани таъмини амният дар кишвар ва дигар мавзӯъҳо баҳсу баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар конфаронс дар бораи таъсиси Бунёди байнулмилалии мусоидат ба бозгашти “Толибон” ба зиндагии осоишта тасмим гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG