Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ал Қоида худро масъули бамгузориҳои Бағдод хонд


Имрӯз як гурӯҳи Ал Қоида дар Ироқ масъулияти бамгузориҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳри Бағдодро бар ӯҳда гирифт. Дар ин бамгузориҳо, ки аввали ҳамин ҳафта рух дод, ҳудуди 40 нафар кушта шуданд. Ҳамин гурӯҳи Ал Қоида бо номи Давлати Исломии Ироқ иддао кардааст, ки масъулияти се бамгузории моҳи августи соли гузашта дар Бағдодро низ бар дӯш дорад. Ин иддаои гурӯҳи Давлати Исломии Ироқро манобеи мустақил таъйид накардаанд, вале ин хабар дар сомонае ба табъ расидааст, ки барои паёмҳои шӯришиён истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG