Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё 2 дипломати олмонӣ дар Эрон боздошт шудаанд?


Матбуоти Эрон гузориш додаанд, ки 2 дипломати олмонӣ, ба навиштаи онҳо, барои даст доштан дар тазоҳуроти эътирозии моҳи декабр, ки дар он чанд нафар кушта шуда буданд, боздошт шудаанд. Дар гузоришҳо аз қавли муовини вазири иттилоъот, ки аз вай ном бурда намешавад, омадаст, ки ду олмонӣ дар рӯзи Ошӯро тазоҳуроте созмондиҳӣ кардаанд, ки дар он ҷонибдорони мухолифон бо нируҳои амниятии Эрон вориди задухӯрд шудаанд. Дар гузоришҳо гуфта намешавад, ки ин дипломатҳои олмонӣ кай боздошт шудаанд ва оё дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд. Берлин ба ин изҳорот то ҳол посух надодааст.
XS
SM
MD
LG