Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки равонӣ ба кӯдакони маълул


Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави солимгардонии кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил шуд, ки бо пуштибонии молии Бунёди кӯдакони Созмони Миллал - Юнисеф амал хоҳад кард

Юнисеф мегӯяд, ин ягона маркази кӯмаки равонӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар калонтарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон аст, ки метавонад ба беш аз 140 кӯдак кӯмак расонад.

То имрӯз ин гурӯҳи кӯдакон танҳо дар назди табибону равонпизишкони ҷудогона ва ба таври инфиродӣ дар шаҳри Хуҷанд муолиҷаву сарпарастӣ мешуданд.

Муҳаббат Ҷӯраева, раҳбари Маркази тиббиву психологии Хуҷанд ва яке аз ҳамоҳангсозони ин барнома дар маросими кушоиши маркази вижа барои кӯдакони маъюб гуфт, имкониятҳои ин муассиса барои рушди зеҳниву маънавии кӯдакон ва мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа хеле фаровон аст.

Дар ноҳияҳои вилояти Суғд теъдоди кӯдакони ниёз ба кӯмаки махсус дошта зиёданд, аммо аз сабаби набуди марказҳои вижа ва вазъи душвори оилавӣ ин кӯдакон дар хона мондаанд. Масалан дар минтақаи Зарафшон то ҳол чунин марказ вуҷуд надорад ва аз сабаби дурии роҳ онҳо наметавононд саривақт аз маслиҳатгоҳи тиббию психологии Хуҷанд бархӯрдор шаванд.

Дар ҳамин ҳол Шарифа яке аз модрани атфоли маълул дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, аз як сӯ кори саҳро аз ҷониби дигар ташвиши рӯзгор намегузорад пайваста ба нигоҳубини фарзандаш машғул шавад.

Ӯ мегӯяд дар аксар хонаводаҳо мисли ӯ онҳо танҳо ба танҳо бо мушкили фарзанди маъюбашон ба сар мебаранд: «Нигоҳубини чунин фарзандон вақти бештарро тақозо мекунад, ман рӯзона дар кори коргоҳ машғул ҳастам ва баъди он корҳои оилавро ба иҷро мерасонам. Шароит даст намедиҳад ки пурра ба тарбияву нигоҳубини фарзандон машғул қарор гирам».

Ин ҳам дар ҳоле аст ки ҳоло дар вилояти Суғд шумори беш аз 8 ҳазор атфоли маълул ба қайд гирифта шудаанд ва беш 1500 нафари онҳо дар ноҳияи Б. Ғафуров ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG