Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳои Афғонистон аз ҳамоиши Лондон


Мулоқоти нахуствазири Бритониё Гордон Браун бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар остонаи конфронси байналмилалӣ
Мулоқоти нахуствазири Бритониё Гордон Браун бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар остонаи конфронси байналмилалӣ

28-уми январ дар Лондон ҳамоиши байнулмилалии марбут ба масоили Афғонистон баргузор мешавад, ки ҳам аз ҷониби Ғарб ва ҳам Афғонистону ҳамсоягони он як марҳилаи сарнавиштсоз унвон шудааст.

Интизор меравад, дар ин нишасти бонуфуз бо ширкати сарон ва намояндагони беш аз 60 давлату созмонҳои байнулмилалӣ нокомиҳо дар Афғонистон ва роҳҳои ислоҳи кулли вазъ дар ин кишвар баррасӣ шаванд.
Як имкони дигари аккосии дастаҷамъона ва эълонҳои болохонадор...

Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ва ҳамроҳонаш ба ин нишаст тарҳи мушаххаси мусолиҳа бо Толибонро овардаанд, вале мехоҳанд, ҳимояти дарозмуддати байнулмилалиро ба даст оранд, то кишварашон дубора ба ҳарҷу марҷи солҳои 1990 фурӯ наравад.

ТАҲДИДҲОИ АСОСӢ


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ва мушовиронаш дар ҳоле тарҳи оштӣ бо Толибонро омода мекарданд, ки толибҳо пойтахти кишвар -- Кобулро ба саҳнаи даргирӣ табдил медоданд. Рӯзи 18-уми январ ин таркишу тирандозиҳо он қадар ба кохи раёсатҷумҳурӣ наздик омада буд, ки аз долонҳои он низ ба гӯш мерасид.

Ин ҳамла дар сархатти расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифт, вале Карзай онро танҳо яке аз чанд таҳдиди мавҷуда ба Афғонистон номид: "Ҳамлаи террористӣ дар Кобул, дар наздикии Арк ҷараён дорад. Ин яке аз хатаротест дар муқобили Афғонистон. Фақат яке аз хатарот."

Коршиносони афғон мегӯянд, Карзай ба таври рӯзафзун аз "таҳдидҳои дигар" нигарон аст, ки яке аз онҳо хуруҷи Ғарб аз Афғонистон аст. Ин ҳол боре пас аз хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989 рӯй дода буд. Ғарб ҳузури худро дар ин ҷо нозарур донист ва Афғонистон ба умқи ҷанги дохилӣ фурӯ афтод.

Ҳоло, дар нишасти Лондон, Карзай бояд Ғарбро мӯътақид намояд, ки вазъ дар Афғонистон ислоҳпазир аст ва ҳукумати ӯ барномаи мушаххас дорад.

ОШТӢ БО ТОЛИБҲО

Муҳаммадмаъсум Станекзай, мушовири калидии Карзай ва меъмори тарҳи нави оштӣ бо толибҳо мегӯяд, беҳтарин шароити чунин оштӣ фаро расидааст.

Вай мегӯяд: "Ман фикр мекунам, аксари афғонҳо ҳоло ба натиҷае расидаанд, ки ҷанг ба манфиати ҳеҷ кас нест, на ба манфиати Толибон ва на ба манфиати мардуми Афғонистон. Ҳоло шароит ба ҳама имкон медиҳад, ки ба ҳаёти сиёсӣ шарик шаванд. Ва аз ин тариқ ҳар шахс метавонад дар сиёсат ё қудрат таҳти ҳифозати порлумон ва қонуни асосии Афғонистон саҳм бигирад. Мо набояд ин барномаи сулҳро як талоши оштӣ бо ҷинояткорон ва ё як гашти таблиғотӣ гумон кунем."

Станекзай мегӯяд, дар тафовут бо тарҳҳои гузашта, акнун ба толибон ҷойи кор ва амният ваъда мешавад. Ҳамчунин бояд як ҷаласаи умумимиллӣ ё Лоя Ҷирга баргузор шуда, иродиаи куллии мардуми кишварро ба сулҳ таъмин кунад ва тақвият бахшад.

ШИОРУ ВАЪДА?

Вале оё то куҷо ин талошҳои Кобул мавриди пуштибонии Ғарб қарор хоҳад гирифт ва то куҷо ҳамоиши Лондон ба заминаи устувори як гардиши куллӣ дар Афғонистон табдил хоҳад ёфт? Журналист Аҳмад Рашид ба ин аст, ки Кобул то ҳоло аз чунин пуштибонӣ бархӯрдор будааст, вале бовар надорад, ки ҳамоиши Лондон ба нуқтаи атф табдил хоҳад ёфт.

Аҳмад Рашид ин конфаронсро "як имкони дигари аккосии дастаҷамъона ва эълонҳои болохонадор" меномад. Аммо иҷрои ин шиору эълонҳо осон нахоҳад буд ва иҷрои онҳо то замони омодагии беҳтар ба таъвиқ хоҳад афтод."

Собиқ намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон, Мартина вон Байлет низ тақрибан дар ҳамин андеша аст ва бар пояи таҷрибаи чандсолаи кораш дар Афғонистон мегӯяд, конфаронс танҳо ин ҳадафро дорад, ки вазъро озмояд ва паём фиристад.

ЗОВИЯҲОИ ГУНОГУН


Ба ақидаи Байлет, бояд таҳвили тадриҷии масъулияти вазъ бар дӯши нерӯҳои худи Афғонистон масъалаи меҳварӣ бошад, зеро масъалаи оштӣ бо толибҳо аз нигоҳи ӯ фиребанда намудор мешавад: "Дар ин бора таҳлилу андешаи амиқ ва стратегӣ сурат нагирифтааст. Чӣ хел ҳамаи ин бахшҳо бояд ба ҳам оянд? Вақте шумо раванди сулҳ мехоҳед, бояд аввал эътимодро бунёд кунед. Аммо ҷалби мардум дар ҳоли ҷангу даргириҳои ҳаррӯза хеле душвор аст. Аз ин ҷо тазодҳои мумкин дар коре, ки дарвоқеъ кардан мехоҳед, зиёданд."

Аммо онгуна ки Дабири кулли НАТО, Андерс Фоғ Расмуссен мегӯяд, таъмини амният масъалаи асосист ва "нерӯҳои байнулмилалӣ то замоне дар кишвар боқӣ хоҳанд монд, ки амният ба даст ояд."

Расмуссен низ аз нишасти Лондон натиҷаҳои мушаххас мехоҳад, аммо ҳама интизори ин хоҳанд буд, ки то куҷо Ғарб ва Афғонистон дар таъини масъалаҳои дараҷаи аввал, ки ҳар кадом ба таври худ мебинад, созиш мекунанд ва агар ваъдаҳои нав медиҳанд, то куҷо иҷро.
XS
SM
MD
LG