Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираи қурбониёни Освенцим гиромӣ дошта мешавад


Дар Полша маросими гиромидошт аз хотираи қурбониёни урдугоҳи Освенцим идома дорад. Ин маросим ба муносибати 65 солагии озодии ин урдугоҳ баргузор мешавад. Бозмондагони ин урдугоҳ дар маҳали имрӯзаи урдугоҳ гирдиҳам омадаанд. Дар он як миллиону сад ҳазор нафар кушта шуданд, ки 90 дарсади онҳо яҳудиён буданд ва дар кушторгоҳҳои газӣ ба қатл расонда шуданд. Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ва раҳбарони Полша ба ин маросим ҳамроҳ мешаванд. Урдугоҳи марги Освенцимро сарбозони Артиши Сурхи Шӯравӣ 27-ӯми январи соли 1945, яъне 65 сол пеш дар ҳамин рӯз озод карданд. Соли 2005 СММ ин рӯзро Рӯзи Байналмиллаии Ёдбуди қурбониён эълон ард.
XS
SM
MD
LG