Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи фаъолияти муассисаҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти нӯҳ муассисаи динии ғайриисломиро дар кишвар ғайриқонунӣ эълон кардааст. Сайидбек Маҳмадуллоев, раҳбари бахши диншиносӣ дар Вазорати фарҳанг, гуфт, ин гурӯҳи созмонҳое ҳастанд, ки то оғози соли 2010 аснод барои қайди дубораро пешниҳод накардаанд. Ҷамоаи динии яҳудиён, калисои “Лиахона” – як созмони масеҳӣ, ибодатгоҳи байнулмилалӣ ва чор муассисаи динии марбут ба баптистҳои инҷилгаро аз ҷумлаи ин созмонҳо будаанд. Ҳамчунин як созмони мазҳабии мутааллиқ ба масеҳиён дар Тоҷикистон фаъолияташро бо қарори худи муассисонаш муттаваққиф кардааст.
XS
SM
MD
LG