Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолияти нӯҳ муассисаи динии ғайриисломиро дар кишвар мамнӯъ эълон кард. Ин ниҳод мегӯяд, фаъолияти онҳое манъ шуд, ки аз пешниҳоди асноди худ барои сабтиноми дубора сарпечӣ кардаанд.

Сайидбек Маҳмадуллоев, раҳбари бахши диншиносӣ дар Вазорати фарҳанг, гуфт, ин гурӯҳи созмонҳое ҳастанд, ки то оғози соли 2010 аснод барои қайди дубораро пешниҳод накардаанд.

“ҲУҶҶАТ ПЕШНИҲОД НАКАРДАНД”

Вай афзуд: “Ҳайати мушовара дар вазорати фарҳанг қарори худро дар ин бора содир кард. Дар он ҷо як банд ҳаст, ки шаҳодатномаҳои ташкилоти диние, ки то якуми январи соли 2010 ба мо ҳуҷҷат пешниҳод накардаанд, беэътибор дониста шавад. Ба ҳамаи ин созмонҳо низ қарори ҳайати мушовараро фиристодем”.

Ҷамоаи динии яҳудиён, калисои “Лиахона” – як созмони масеҳӣ, ибодатгоҳи байнулмилалӣ ва чор муассисаи динии марбут ба баптистҳои инҷилгаро аз ҷумлаи ин созмонҳо будаанд. Ҳамчунин, як созмони мазҳабии мутааллиқ ба масеҳиён дар Тоҷикистон фаъолияташро бо қарори худи муассисонаш ба ҳам задааст. Оқои Маҳмадуллоев мегӯяд, иллати пешниҳод накардани аснод аз сӯйи баъзе аз созмонҳои ғайриисломӣ барои онҳо низ рӯшан нест: “Намедонем, бо кадом сабаб ҷамоаи динии яҳудиён, ки пеш фаъолият доштанд, умуман ба мо муроҷиат накардаанд”.

МУШКИЛИ ЯҲУДИЁН

Михаил Абдураҳмонов, хохоми танҳо канисаи яҳудиён дар Душанбе, нагуфт, ки мушаххасан мушкили марбут ба пешниҳоди санадҳо барои ба қайдгирии каниса аз чӣ иборат аст. Вале гуфт, онҳо то ҳанӯз натавонистаанд манзилеро, ки аз Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президент ва раҳбари “Ориёнбонк”, ба тӯҳфа гирифтаанд ба номи худ сабт кунанд: “Мо баъзе масоил дорем, ки дар сурати ҳал шуданаш ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунем. Пешакӣ гуфтан чандон хуб нест. Аммо ният ҳаст”.

Ҳоло пайравони ин каниса бештар аз дусад нафар гуфта мешаванд, ки аксарияташон яҳудиёни бухорӣ ва кормандони сафоратхонаи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон будаанд. Дар соли 2008 ба далели сохтмони “Қасри Миллат” мақомоти Душанбе бинои яҳудиёнро тахриб карданд. Яҳудиёни Тоҷикистон бештар аз як сол бидуни манзил буданд, вале соли гузашта, баъд аз сафараш ба Ню-Йорк Ҳасан Асадуллозода биноеро дар маркази Душанбе ба яҳудиён тақдим намуд.

АЗ 84 БА 72

Ҳасан Асадуллозода бо яҳудиёни аз Амрико омада дар маросими расмии боз кардани канисаи нав
динии “Лиахона” ғайриимкон аст, вале аз фаъолияти ғайриқонунии 9 созмони ғайриисломӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле эълон мешавад, ки мӯҳлати қайди дубораи муассисаҳои динӣ дар идораи умури дин дар вазорати фарҳанг анҷом шудааст.

Сабти номи такрории созмонҳои динӣ дар моҳи июли соли гузашта, дар пайи ба марҳилаи иҷро даромадани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз сар гирифта шуд. Ин қонуне буд, ки тӯли чор сол мавриди баҳсу баррасӣ қарор дошт ва аз сӯйи созмонҳои динӣ ва байнулмилалӣ ба унвони “қонуни маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ” танқид шудааст.

Феълан, дар Тоҷикистон 72 созмони ғайриисломӣ расман фаъолият мекунанд. Дар ҳоле ки ин рақам дар соли гузашта ба 81 ва дар ду соли пеш ба 84 адад мерасид. Масъулони вазорати фарҳанг мегӯянд, созомонҳои диние, ки дар қайди расмии сохторҳои давлатии Тоҷикистон нестанд, метавонад ҳуҷҷатҳои худро барои қайд ба вазорати фарҳанг пешниҳод кунанд, аммо онҳо бо номи нав ва ба унвони як созмони нави динӣ сабти ном хоҳанд шуд.

ҚАЙДИ ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Сайидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, онҳо то имрӯз дар робита ба сабти номи муассисаҳои динии исломӣ мушкиле надоштаанд. То имрӯз 247 масҷиди ҷомеъ ва 2 ҳазору 969 масҷиди панҷвақта ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Ҳамчунин, 23 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ баъд аз адои анҷоми сабтиноми дубораи созмонҳои динӣ асноди худро барои сабти ном ба ин ниҳод пешниҳод кардаанд, ки ҳуҷҷатҳои онҳо дар ҳоли омӯзиш будааст.

Масъулони вазорати фарҳанг мегӯянд, ҳоло биноҳоеро, ки дар маҳалҳо ҳамчун ҷойҳои ҷамъиятӣ маъруфанд, ба унвони масҷидҳои панҷвақта ба қайди расмӣ сабти ном хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, барои сабти номи ин ҷойҳои ҷамъиятӣ низ пешниҳоди панҷ санад, аз ҷумла ариза барои сабт, феҳристи муассисон, нишонаи маҳалли ибодатгоҳу шумори аҳолӣ ва низомномаи фаъолият зарур будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG