Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи мардум ба ҲХДТ ва ҲНИТ


Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби наҳзати исломӣ зери раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар миёни аҳолии кишвар аз таваҷҷӯҳи бештар бархӯрдор будаанд.

Ин арзёбӣ аз натоиҷи муқаддамотии як назарсанҷие бармеояд, ки Маркази таҳлилии мавсум ба «Шарқ» дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон анҷом додааст. Масъулони ин созмони ғайридавлатӣ аз ироаи ҷузъиёти таҳқиқоти анҷомдодаи худ худдорӣ карданд, вале тибқи ахбори дарёфтӣ ҳизби коммунист дар ҷойи саввум ва ҳизби демократи Тоҷикистон баъди он мақом касб кардаанд.

Назарсанҷие, ки Маркази тадқиқотии «Шарқ» барои таъйини ҷойгоҳ ва мақоми аҳзоби сиёсӣ дар ростои интихоботи парлумонии ин кишвар доир кардааст, ба истиснои бархе аз навоҳии баландкӯҳ ва дурдаст бақия манотиқи Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Музаффар Олимов, раиси Маркази тадқиқотии «Шарқ», гуфт, ин назарсанҷӣ миёни 1500 шаҳрванди ин кишвар, ки аз 18-сола болоанд, баргузор шуда, ва дар он аз тамоми қишрҳои ҷомеа ширкат варзидаанд. Оқои Олимов гуфт, суолҳо ба пурсидашудагон асосан дар иртибот ба маҳбубияти аҳзоби сиёсӣ, шинохти ҷомеа аз онҳо ва низ вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар матраҳ шудааст.

Ҳарчанд, Музаффар Олимов аз додани иттилои мушаххас дар бораи рейтинг ва ё маҳбубияти аҳзоби сиёсӣ худдорӣ кард, аммо тибқи иттилои расида Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷойи аввал ва дуввум, Ҳизби коммунист дар мақоми сеюм ва демократҳои Тоҷикистон дар ҷойи чаҳорум қарор гирифтаанд. Музаффар Олимов афзуд, дар ҷараёни омӯзиши афкори мардум аз усул ва шеваҳои муосир ва собитшудаи назарсанҷиҳо истифода шудааст. Ӯ мутмаин аст, ки натоиҷи назарсанҷие, ки созмони ӯ анҷом додааст аз натоиҷи ҷамъбасти интихобот фарқи андак хоҳад дошт.

Аммо ин дар ҳолест, ки бештари таҳлилгарон ва ҷомеашиносони кишвар бар адами мувофиқати арқому хулосаҳои ин назарсанҷиҳо ва натоиҷи ҷамъбасти интихобот ишора мекунанд. Ба ақидаи Абдуғанӣ Мамадазимов, сабаби адами мувофиқати арқому арзёбии назарсанҷиҳо бо натоиҷи интихоботҳо дар он аст, ки мардум ҳанӯз ба чунин тарзи муносибат бо масоили муҳим хӯ нагирифтааст. Яъне, ин як фарҳанги нав дар ҷомеаи кишвар аст.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, иллати мавҷудияти фосила миёни хулосаи назарсанҷӣ ва омӯзиши афкори умум бо худи ҳодисаи мавриди назар аз ҷумла интихоботро дар он мебинад, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон идорашавандаанд. Аз ин рӯ, миёни назари мардум ва натиҷаҳои интихобот, ки эълон мешавад, фарқи хеле калон ба вуҷуд меояд.

Назарсанҷии доиркардаи Маркази тадқиқоти «Шарқ» бо мусоидати Бунёди байналмилалии низоми интихоботҳо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо сурат гирифтааст. Дар интихоботҳои қаблӣ низ созмонҳои ғайридавлатии тадқиқотие, назири «Зеркало», «Панорама» ва «Сотсиолог» низ бо мусоидати созмонҳои байналмилаӣ ҳамчунин назарсанҷиҳоро доир карда буданд. Аммо дар интихоботи парлумонии имсола, ки ба рӯзи 28-уми феврал таъйин шудааст, танҳо маркази тадқиқотии « Шарқ» аст, ки ба чунин иқдом даст задааст.

Вале Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон ният дорад, то як назарсанҷии ҳамзамонӣ ё ба истилоҳи маъруф экзитпол дар маҳалли овоздиҳиро дар рӯзи баргузории интихобот доир кунад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, барои баргузории ин назарсанҷӣ бо Иттиҳоди Аврупо вориди гуфтугӯ шудаанд, то дастгирии молии ин тарҳро бар ӯҳда бигирад.

Маросими муаррифии натоиҷи ниҳоии назарсанҷии маркази тадқиқотии «Шарқ» дар робита ба маҳбубияти аҳзоби сиёсӣ дар остонаи интихоботи парлумонӣ ин кишвар дар яке аз рӯзҳи аввали моҳи феврал сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG