Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, бозмондагони Ҳолокост, собиқадорони Шӯравӣ ва раҳбарони сиёсӣ барои таҷлил аз 65-умин солгарди озодии бузургтарин урдугоҳи марги мутааллиқ ба натсистҳои Олмон дар Лаҳистон гирдиҳам омаданд.

Маросими 65-умин солгарди гиромидошт аз хотираи қурбониёни Ҳолокост дар рӯзи озодии урдугоҳи Освентсим баргузор шуд. Ин урдугоҳро сарбозони Шӯравӣ аз Олмони натсистӣ озод карданд. Соли 2005 СММ ин рӯзро Рӯзи байналмиллалии ёдбуди Ҳолокост эълон кард ва аз он вақт то ба ҳол ҳар сол ин санаро хотирнишон мекунанд.

Дар маросими 65-умин солгарди озодии ин урдугоҳ 100 нафар сарбози Шӯравӣ ширкат карданд. Онҳо як ҷо бо ҳамсангарони худ ин урдугоҳро озод карда буданд. Дар ин маросим бозмондагони ин урдугоҳ, Лех Качинский, раисҷумҳури Полша, ва Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, суханронӣ карданд. Миер Лоу, сархохоми яҳуд, ки дар Полша ба дунё омадааст ва дар овони кӯдакиаш аз ин урдугоҳ раҳоӣ ёфтааст, маросими дуоро раҳбарӣ мекард.

Полша мегӯяд, Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русияро барои ширкат дар ин маросим даъват кардааст, вале вай бо "баъзе масруфиятҳо" ин рад кардааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, Муҳаммад Барака, қонунгузори араб, низ дар ҳайати Исроил дар ин маросим ширкат доштааст. Арабҳои Исроил аз вай интиқод кардаанд ва гуфтаанд, вай дар замони номуносибе ба ҳайати Исроил пайвастааст, зеро дар марҳалаи кунунӣ миёни Исроилу Фаластин ташаннуҷ авҷ гирифтааст. Аммо Барака гуфтааст, ки дар ин маросим аз сиёсатҳои Исроил бар зидди Фаластин интиқод хоҳад кард.

Урдугоҳи Освентсим дар ҷануби Полша ҷойгир аст ва ба рамзи қатли оми Олмони фашистӣ табдил ёфтааст. Бештар аз як миллион нафар дар ин урдугоҳ дар кушторгоҳҳои газӣ ва аз бемориҳову гуруснагӣ ҷон доданд, то замоне, ки 27-уми январи соли 1945 сарбозони Артиши Сурхи Шӯравӣ 7 000 нафари дигарро наҷот доданд.

Бештари қурбониёни ин урдугоҳ яҳудиёни аврупоӣ буданд ва нобудии онҳо "тасмими ниҳои"- и Адолф Гитлер буд. Вале дар Ҳолокост миллатҳои дигар, мухолифони сиёсӣ ва дигарон низ кушта шуданд. Дар маҷмӯъ, дар Ҳолокост 6 миллион яҳудии кишварҳои аврупоии зери тасарруфи Олмони фашистӣ ба қатл расонда шуданд.

Қабл аз оғози маросими расмии гиромидошт аз қурбониёни урдугоҳи Освентсим Шимон Перес, раисҷумҳури Исроил, дар Бундеста суханронӣ кард. Ҳамзамон, дар шаҳри Кракови Полша 700 нафар гирдиҳам омадаанд ва зери унвони "Ба мардум иҷозаи зист диҳед" ҳамоиши байналмиллалӣ баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG