Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел намехоҳад санаи хуруҷи нируҳояшро эълон кунад


Хонум Ангела Меркел-нахуствазири Олмон мегӯяд, иштибоҳ хоҳад буд, агар барои хуруҷи нируҳои Олмон аз Афғонистон санае таин шавад, зеро чунин кор Толибонро ташвиқ хоҳад кард. Вай ин нуктаро баъд аз дидор бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Берлин изҳор дошт. Як рӯз пеш аз ин дидор хонум Меркел гуфт, кишвараш ба нақша гирифтааст, ки ба Афғонистон 500 нафар нируи изофӣ бифиристад. Ҳоло дар Афғонистон 4 300 нафар низомиёни Олмон мустақаранд. Олмон ҳамчунин кӯмакҳои худро барои се соли оянда ба Афғонистон ду баробар афзоиш хоҳад дод ва он ба 430 миллион евро ё 650 миллион доллар хоҳад расид. Мулоқоти Меркел ва Карзай як рӯз пеш аз конфронси байналмиллалии Лондон роҷеъ ба Афғонистон баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG