Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ табодули оташ карданд


Имрӯз Кореяи Шимолӣ аз тӯпхона ё артиллерияи худ оташ кушод ва Кореяи Ҷанубӣ дар имтидоди марзҳои баҳсбарангези обии худ дар баҳри ғарбӣ ба зудӣ ба ин оташ ҷавоб дод. Ву Тавҷӣ-сухангӯи вазорати дифои Кореяи Ҷанубӣ Кореяи Шимолиро барои ин амали "нораво"-и ташаннуҷзо муттаҳам кард:

"Мо мехоҳем барои ин ҳодиса, ки натиҷаи амали ғайриқонунии Кореяи Шимолист, амиқан изҳори нигаронӣ кунем. Ин оташбории тӯпхона ташаннуҷи нораворо ба вуҷуд меорад. Мо аз онҳо ҳамчунин дархост мекунем, ки ба ин гуна амалҳои худ фавран хотима диҳанд".

Дар бораи талафоти ҷонӣ ё моддӣ гузорише дар даст нест. Кореяи Шимолӣ гуфт, ки оташи тӯпхона бахше аз машқҳои низомист ва оташнишонии тӯпхона идома хоҳад ёфт. Марзҳои обӣ масъалаи ташаннуҷи низомии миёни ду кишвар мебошад. Моҳи ноябри соли гузашта дар ин минтақаи обӣ киштиҳои ҷангии ҳар ду кишвар вориди задухӯрди мухтасар шуданд.
XS
SM
MD
LG