Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 5 Толиб аз феҳристи таҳримҳои СММ хориҷ шуд


СММ мегӯяд, Шӯрои Амният 5 нафар аъзои аршади Толибонро аз феҳристи афроде хориҷ кард, ки бар зидди онҳо барои иртибот бо шабакаи террористии ал Қоида таҳрим ҷорӣ шудааст. Ин пешниҳодро Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур матраҳ кардааст ва он бахше аз барномаҳои мусолиҳаи миллӣ бо шӯришиён дониста мешавад. Ин 5 нафар соли 2001 ба феҳристи афроди таҳримшуда ворид шуда буданд.
XS
SM
MD
LG