Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Меркел ва Карзай пеш аз ҳамоиши Лондон


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар Берлин бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дидор ва гфтугӯ мекунад. Ин мулоқот як рӯз пеш аз конфронси байналмиллалии Лондон роҷеъ ба Афғонистон анҷом мегирад. Дар конфронси Лондон, ки пагоҳ ба кор оғоз мекунад, намояндагони тақрибан 60 кишвар масъалаҳои амниятии Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар остонаи ин конфронс хонум Меркел изҳор дошт, ки Олмон омода аст ба Афғонистон 500 сарбози дигар бифиристад. Хонум Меркел афзуд, кишвараш барои се соли оянда мизони кӯмакҳои худро ду баробар афзоиш хоҳад дод ва он то ба 650 миллион доллар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG