Пайвандҳои дастрасӣ

Садбарг ва Лоҳутӣ, омӯзгорони як мактаби деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъа, ба духтарчаи навзодашон Саҳмия ном гузоштанд. Волидайн ба ҳамдеҳагонаш ваъда доданд, ки соли оянда Роғуншоҳро низ ба дунё хоҳанд овард. Қаблан, дар Бадахшон як падар аз мухолифини ашаддӣ ба писараш, ки дар моҳи майи соли 1992 таваллуд ёфт, Истиқлол ном гузошт, аммо пас аз чанде ҳокимият дар Хуҷанд табдил шуд ва писар худро қурбонии сиёсати номгузории падар мешуморад. Духтарчае, ки дар рузи вуқӯъи зилзилаи шадид ба дунё омад, Зилзиламо ном гирифт.

Ба гуфтаи мудири шӯъбаи сабти аснод ва ҳолатҳои шаҳрвандии Хоруғ Гулрухсор Хуҷаниёзова, таҳияи асноди зиёда аз 400 тифли ба дунё омада дар шаҳр ҳокӣ аз он аст, ки фарҳанги номгузорӣ дар солҳои охир тағйир кардааст. Ба фикри вай, агар пештар номгузорӣ бо пасвандҳои «шоҳ» ва «бек», ва пасванди занонаи «султон» ва «бегим», назири Муҳаммадалишо, Қурбоналишо, Қаландарбек, Мамадназарбек, Давлатсултон ва Қурбонбегим дар Бадахшон роиҷ буд, аммо ахиран мардум аз орзуи «шоҳ «ва «бек» шудан даст кашида, таваҷҷӯҳ ба номҳои кӯтоҳ ва аврупоӣ дар ҳоли афзоиш будааст. Вай гуфт, номҳои Жасмин, Сабрина, Зулола, Рубина, Анҷела, Индира, Аделина, Ҳайрона, Самир ва Навоӣ ва Артур зиёд вомехӯранд. Ба ақидаи мудири шӯъба, ин тарзи номгузорӣ то андозае зери таъсири раванди муҳоҷират ва фарҳанги бегона сурат гирифтааст.

Сокини кӯҳансоли маҳалли Бартанги ноҳияи Рӯшон Улфатшо Бандишоев, бо ёдоварӣ аз анъанаи номгузорӣ дар Бадахшон, гуфт, ҳар фард кӯшиш мекард, то ба фарзандаш номе гузорад, ки он ба таъриху фарҳанг ва нишонае аз пайванди хонаводагӣ рабт дошта бошад. Вай афзуд, аммо ҳаёти нави давраи Шӯравӣ ба тадриҷ ба номгузорӣ таъсир расонд ва дар маҳалҳо Саша ва Миша пайдо шуданд. Вай ҳамчунин зуҳури номҳои Колхоз, Гагарин, Пудратчиро аз нишонаҳои номгузории давраи нав арзёбӣ намуда, гуфт, дар Қирғизистон Съездгул ва Советбекро дучор омадааст.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳамчунин, волидайни як навзоди кишвари ҳамҷавори Қирғизистон ба умеди бой шудану зиндагии серу пур доштан ба тифлашон Долларбек ном гушоштанд. Ба гуфтаи масъулини сабти аснод дар Бадахшон, агарчанде ҳанӯз номҳои Долларбеку Еврошоҳ ба гӯш намерасанд, аммо қурби Сомон дар паллаи тарозуи номгузорӣ торафт боло мегирад. Бар илова, дар ҳар як ноҳия ҳадди ақал як Эмомалии хурдсол ва ё наврасро дучор омадан мумкин аст. Дар дафтари шӯъбаи сабти асноди шаҳр дар соли 2009-ум ҳамчунин як тифл бо номи Эмомалишоҳ дучор меояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG