Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони неругоҳи барқи обии «Сангтуда -1», дар ҷануби Тоҷикистон афзоиши қарзи Тоҷикистон барои истифода аз неруи барқи тавлиди ин неругоҳро мушкили аслӣ дар роҳи фаъолияти муназзами ин неругоҳ арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин масъулон, ҳамакнун, мизони қарздории ширкати «Барқи тоҷик» дар назди ин неругоҳ, ки муҷрии аслии он Русия аст, 24 миллион долларро ташкил медиҳад.

Мақомоти ширкати «Барқи Тоҷик» аз изҳори назар дар мавриди пардохт накардани маблағи истифодаи неруи барқи неругоҳи «Сангтуда-1» худдорӣ кардаанд. Аммо интизор меравад, ки посухи расмии мақомоти ширкати «Барқи Тоҷик» фардо дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон эълом шавад.

Ҳангоме, ки дар шаш моҳе қабл, неругоҳи «Сангтӯда -1», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, бо сармояи ҷониби Русия мавриди баҳрабардории комил қарор гирифт, иҷрои ин пружа, омили густариши ҳар чи бештари равобиту ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ гардида буд. Мақомоти Тоҷикистон бештар розӣ аз он буданд, ки неругоҳ фаъол шуда ва мушкили таъмини мардум бо неруи барқ дар қаламрави кишвар то андозае рафъ мегардад.

Албатта бо гузашти замоне хостаҳои Тоҷикистон дар ин замина то ҷое бароварда шуданд. Зеро он гуна, ки Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар нишасте бо хабарнигорон дар ҳафтаи гузашта гуфт, неругоҳи «Сангтӯуда – 1» дар соли 2009 ҳудуди як миллиарду 700 миллион киловатт соат неруи барқ тавлид кардааст.

Дар воқеъ ин ҷои баҳс нест, ки тавлиди неруи барқ дар «Сангтӯда -1» мояи хушҳолии ҷониби Тоҷикистон аст, вале афзудани маблағи истифода аз неруи барқи ин неругоҳ дарди сареро барои онҳо эҷод кардааст. Чун ба гуфтаи масъулони неругоҳи «Сангтуда -1», ҳаҷми қарзи ҷониби Тоҷикистон, ба хусус ширкати «Барқи Тоҷик» ҳоло ба 24 миллион доллар расидааст. Владимир Белов, раиси кулли ширкати «Сангтӯда -1» дар як гуфтугӯи телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, «албатта, ба сабаби қарздории Тоҷикистон барои истифодаи неруи барқи тавлидии «Сангтӯда – 1», вазъи молии неругоҳ хуб нест. Аз як сӯ, қарзи пардохти маоши кормандони неругоҳ, ки 140 нафарро ташкил медиҳанд ва 75 дарсади он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, афзудааст ва аз сӯи дигар ширкат маблағи молиётро низ пардохта наметавонад. Талош дорем, аммо ояндаи фаъолият чӣ хоҳад шуд, номаълум аст».

Ба гуфтаи Владимир Белов, ҳар як киловатт соат неруи барқи тавлидии неругоҳи «Сангтӯда – 1» ба ҷониби Тоҷикистон бо қиммати 1, 7 сенти амрикоӣ фурӯхта мешавад. Бад ин тартиб, аз замони фаъол шудани ин неругоҳ дар тобистони соли гузашта мизони бидеҳии ширкати «Барқи Тоҷик» ду баробар афзудааст. Қаблан, он замоне, ки қарзи «Барқи Тоҷик» барои истифода аз неруи тавлиди неругоҳи «Сангтӯда – 1» маблағи 11 миллион долларро ташкил дода буд, раҳбарони ин ширкат ҳушдор дода буданд, ки дар сурати напардохтани маблағи қарз кори ин неругоҳро бозмедорад. Он замон раисии ин неругоҳро Раҳматулло Алжанов, ба ӯҳда дошт. Вале гуфта мешавад, дар пайи фишори ҷониби Тоҷикистон вай аз фаъолият дар ин вазифа даст кашид ва ҳоло дар Русия ба сар мебарад.

Масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» дар мавриди қазияи қарздорӣ хомӯширо ихтиёр кардаанд. Аммо Маҳмадхӯҷа Нарзуллоев, сардори шӯъбаи фурӯши барқи вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, гуфт, бар асоси тавофуқи миёни «Барқи Тоҷик» ва «ширкати «Сангтӯда -1» ҷадвали пардохти қарз таҳия шуда ва ҷониби Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳояш ин маблағро пардохт хоҳад кард.

Маҳмадхӯҷа Нарзуллоев сабабҳо ва паёмадҳои мушкили қарздории ширкати «Барқи Тоҷик» -ро чунин шарҳ дод, «сабаби асосӣ дар вазъи мушкили моливӣ қарор доштани «Барқи Тоҷик» аст. Вобаста ба он хароҷотҳое, ки ширкати «Барқи Тоҷик» дорад, маблағҳо нисбатан кам ҷамъоварӣ мешавад. Дуюм, ин ки нархи миёнаи фурӯши неруи барқи дар сохтори энергетикӣ мавҷуда аз нархи барқе, ки аз «Сангтӯда – 1» харидорӣ мекунад, паст аст. Албатта мушкилот миёни «Сангтӯда – 1» ва «Барқи Тоҷик» паёмади манфии иқтисодӣ хоҳад дошт. Қарз зиёд шудан гирад ва ҷониби Тоҷикистон натавонад маблағро пардохт кунад, дар он сурат ҷанҷолу кашокаши иқтисодӣ ба сатҳи боло баромада ва дар ниҳоят ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат карданаш имкон хоҳад дошт. Ин асари манфӣ хоҳад дошт».

Коршиносон низ ба ин боваранд, ки вуҷуди ин қазия дар равобити Тоҷикистон ва Русия, ки дар як соли ахир муносиботи хубе ҳам надоштаанд, таъсири манфие ба бор хоҳад овард. Аз сӯи дигар Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мӯътақид аст, ки чунин вазъ монеъе дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон хоҳад шуд, «ин дастаке хоҳад шуд, барои сармоягузорони хориҷӣ. Тоҷикистон ки ҳамеша бар фароҳам шудани шароити сармоягузорӣ таъкид мекунад, вале қазияи «Сангтӯда -1» метавонад барои онҳо манзараи дигареро бозгӯ кунад».

Зимнан, неругоҳи «Сангтӯда – 1» бо зарфияти солонаи 670 меговот, бузургтарин тарҳи энержӣ дар қаламрави кишварҳои Шӯравии пешин аст, ки Русия дар бунёди он маблағи 700 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст. Ба ин далел, 75 дарсади саҳмияи неругоҳ низ дар ихтиёри Русия аст. Маҳз ин вазъ ҷониби Тоҷикистонро водор кардааст, то неругоҳи «Роғун», бо зарфияти 3600 мегавот -ро бо сармояи дохилӣ бисозад, то молики аслии он давлати Тоҷикистон бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG