Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон ба мулоқоти дипломатҳо бо амрикоиҳо иҷоза надод


Мақомоти ИМА аз посухи ради мақомоти Эрон ба дархости дипломатҳо барои дидору гуфтугӯ бо се шаҳрванди боздоштшудаи амрикоӣ ба хашм омаданд. Ба иттилоъи намояндаи вазорати умури хориҷаи Амрико, мақомоти Эрон аз моҳи октябри соли гузашта ба ин сӯ ба намояндагони сафорати Швейсария дар Теҳрон барои мулоқот бо се донишҷӯи амрикоӣ, ки дар маҳбас ба сар мебаранд, иҷоза намедиҳанд. Миёни Амрико ва Эрон равобити дипломатӣ мавҷуд нест ва аз манфиатҳои Вошингтон дар ин кишвар Швейсария пуштибонӣ мекунад.
Мақомоти ИМА мегӯянд, ки онҳо аз вазъи сиҳати боздоштшудаҳо ва шароити буду боши онҳо нигаронанд. Се донишҷӯи амрикоӣ тобистони соли гузашта дар шимоли Эрон дастгир шуданд. Теҳрон онҳоро дар ҷосусӣ айбдор мекунад ва аммо донишҷӯён мегӯянд, ки онҳо раҳгум зада ва иштибоҳан вориди қаламрави Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG