Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷозаи сафар ба собиқ афроди шинохтаи "Толибон"


Кумитаи Шӯрои амнияти СММ панҷ тан аз собиқ афроди шинохтаи ҷунбиши “Толибон”-и Афғонистонро аз феҳристи гумонбарони ҳамкорӣ бо шабакаи “Ал-Қоида” берун кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, яке аз онҳо собиқ вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон Вакил Аҳмад Муттавакил ва яки дигар - волии феълии вилояти Урузгон аст. Ин афрод аз ин баъд мавриди таҳрим қарор надоранд ва онҳо, аз ҷумла, иҷозаи сафарҳои хориҷиро хоҳанд дошт.
Гуфта мешавад, ки барои аз феҳристи гумонбарони терроризм берун кардани собиқ афроди шинохтаи ҷунбиши “Толибон” раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай пойфишорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG