Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури пешини Гватемала боздошт шуд


Дар Гватемала Алфонсо Портилио, раҳбари собиқи ин кишвари Амрикои Лотин, дастгир шуд. Раисиҷумҳури пешинро як рӯз баъд аз он боздошт карданд, ки додгоҳи аёлати Ню-Йорки ИМА дастури ҳабси ӯро содир намуд. Мақомоти Амрико Алфонсо Портилиоро дар, ба истилоҳ, “шустушӯи пул” муттаҳам мекунанд. Гуфта мешавад, ки ӯ замони раёсати Гватемала яку ним миллион доллари аз сӯи Тайван барои харидории китобҳои мактабӣ ҷудошударо азхуд кардааст. Алайҳи Алфонсо Портилио, ки аз соли 2000 то соли 2004 раисиҷумҳури Гватемала буд, дар худи кишвар ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG