Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Сандуқи байнулмилали пул ба хатми бӯҳрон


Иқтисоди ҷаҳонӣ аз бӯҳрон назар ба интизорот барвақттар берун хоҳад шуд. Ба ин нукта дар як гузориши Сандуқи байнулмилалии пул бахшида ба пешгӯиҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2010 таъкид шудааст. Тибқи гузориши ин ниҳоди молӣ, соли равон рушди иқтисод 4 дар садро ташкил хоҳад дод, дар ҳоле, ки соли гузашта иқтисоди ҷаҳонӣ хело пойин рафт. Дар ҳамин ҳол раиси Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Стросс-Кан ба ҳукуматҳо ҳушдор дод, ки чораҳои алайҳи бӯҳронро лағв накунанд, зеро рушди иқтисод ҳанӯз хело заъиф аст.
XS
SM
MD
LG