Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Белград барои вуруд ба Иттиҳоди Аврупо


Сербистон талоши вуруди ҳарчӣ зудтар ба Иттиҳоди Аврупоро дорад ва барои тасвиби созишномаи ҳамкорӣ аз сӯи Брюссел пойфишорӣ мекунад. Ин санади ҳамкорӣ – марҳилаи муҳим дар роҳи Сербистон барои вуруд ба Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мешавад. Вук Йеремич, вазири умури хориҷаи Сербистон рӯзи сешанбе зимни суханронӣ дар Брюссел изҳор намуд, ки “узвият дар Иттиҳоди Аврупо аз авлавиятҳои калидии Белград маҳсуб мешавад”.
Ва аммо Сербистон дар роҳи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо дар соли 2014, бар асари талошҳои номуваффақи боздошт ва истирдоди фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич ба Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг, ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ратко Младич дар ҷиноёти низомӣ ва наслкӯшӣ, аз ҷумла, қатли тақрибан 8 ҳазор мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995, айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG