Пайвандҳои дастрасӣ

Седвил намояндаи мулкии НАТО дар Афғонистон таъин шуд


Раҳбарияти НАТО сафири Британия дар Кобул Марк Седвилро намояндаи мулкии Паймон дар Афғонистон таъин кард. Дар ин мақом Марк Седвил ба созмонҳои байнулмилалӣ, қабл аз ҳама, ба Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими робита бо ҳукумати Афғонистон кумак хоҳад кард. Дипломати британиявӣ дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфт, ки "солҳои наздик дар Афғонистон, ба хотири муттаҳид сохтани талошҳои низомӣ, сиёсӣ ва мулкии пуштибонӣ аз ҳукумати Афғонистон, корҳои зиёдеро бояд анҷом дод".
Марк Седвил дар мақоми намояндаи мулкии НАТО дар Кобул ду рӯз қабл аз конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон таъин шуд. Ин нишаст дар Лондон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG