Пайвандҳои дастрасӣ

Обама мегӯяд, навори бин Лодин нишонаи заъфи ӯст


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, мегӯяд, паёме, ки ба Усома бин Лодин нисбат дода шуда, аввали ин ҳафта пахш гардид, аз заъфи сарони ал-Қоида хабар медиҳад. Дар ин паём марде, ки гуфта мешавад, бин Лодин аст, масъулияти бомбгузории нокоми солинавиро дар ҳавопаймои Амрико ба дӯш гирифтааст. Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии АВС, Обама гуфт, талоши бин Лодин ба судҷӯӣ аз ҳамлаи ноком "нишондиҳандаи дараҷаи заъфи ӯст, зеро ин чизе набуд, ки ҳатман бо дастури ӯ рӯй додааст." Қаблан, бахши минтақаии ямании ал-Қоида масъулияти ин ҳамлаи нокомро бар ӯҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG