Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ҳамсоягони Афғонистон дар нишасти Истамбул


Ширкаткунандагони нишасти минтақаии масъалаҳои Афғонистон дар Истамбул дар изҳороти муштараки ин ҳамоиш аз нақшаи президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай, ки мехоҳад, Толибонро ба қатъи зӯроварӣ ҳавасманд кунад, пуштибонӣ карданд. Дар ин нишаст президентҳои Туркия ва Покистон, намояндагони аршади Эрон, Тоҷикистон, Чин, Русия, мақомоти НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вазири умури хориҷии Броитониё, Дейвид Милибанд, ширкат карданд. Президенти Афғонистон умедвор аст, ки тарҳи ӯ барои ҷалби размандагони сатҳи поён ва миёнаи Толибон ба ҳаёти осоишта дар конфаронси Лондон аз ҳимояти Ғарб низ бархӯрдор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG