Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзро мегирем, чӣ гуна бармегардонем?


Қарзи берунаи Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ ба як миллиарду 691 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2008 320 миллион доллар бештар аст.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, қарзи хориҷии ҷумҳурӣ мутаносиб ба 36 дарсади ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти нохолиси дохили Тоҷикистон аст.

Оё ин қарз барои кишваре, ки бархе аз корхонаҳои саноати калонаш аз кор мондаасту, ҷузъ алюминий ва пахтаву меваҷот колои дигари содиротӣ надорад, зиёд ё бори гарон нест? Шодӣ Шабдолов, намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба ин суол чунин посух дод:

«Албатта, ҳаҷми ин қарзҳо, ки аз ҳисоби буҷа пардохта мешаваду, қисми даромади буҷаи мо калон нест, барои Тоҷикистон сангин аст. Лекин, мо бояд қарзро аз қарз фарқ кунем. Қарзҳое, ки мо барои сохтмони қасрҳои боҳашамат гирифтем, он қадар зарур набуд. Аммо қарзҳое, ки барои сохтмони роҳҳо, интиқоли барқ ва барномаҳои энержӣ гирифтем, хеле зарур буданд. Зеро бе ин қарзҳо мо пешрафт намекардем.»

Ин дар ҳолест, ки 812 миллион қарзи хориҷии мо ба созмонҳои сармоягузори байнулмилалӣ бастагӣ дорад. Аз ҷумла, Тоҷикистон 372 миллион доллар аз Бонки ҷаҳонӣ ва 301 миллион доллар аз Бонки осиёии рушд қарздор аст. Ин қарзҳо мӯҳлати 40 сол бо баҳраи солона 2 дарсада пардохт хоҳанд шуд. Ҳамчунин, Тоҷикистон 630 миллион доллар аз Чин, 43 миллион доллар аз Узбакистон, 20 миллион доллар аз Эрон, 7 миллион доллар аз Қазоқистон ва 3 миллиони дигар аз Туркия қарздор аст.

Соли гузашта барои пардохти ин қарзҳо дар буҷа 122 миллион доллар ихтисос шуда буд, ки 30 миллион доллари он барои пардохти фоизи баҳраи ин қарзҳо масраф шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Зайдуллои Қорӣ, коршиноси иқтисод, ба далели зиёдии қарзҳои Тоҷикистон аз ду сол бад ин сӯ Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд аз додани қарз ба Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Ба ин далел, бар асоси маъёрҳои байнулмилалӣ Тоҷикистон ҳаққи қарзгирӣ аз ин ду ниҳодро надорад. Ҷаноби Қорӣ гуфт:

«Чанд меъёре вуҷуд дорад, ки кишварҳо метавонанд аз Бонки ҷаҳонӣ қарз гиранд. Дар ҳоли ҳозир, қарзгирии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд ғайримумкин аст. Ба ин далел, ки бар асоси бархе аз меъёрҳо Тоҷикистон аз чунин ҳақ бархӯрдор нест. Ва аз 2 сол бад ин сӯ Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд танҳо ба Тоҷикистон грант ё кӯмаки билоиваз медиҳанд, на қарз.»

Ба гуфтаи Зайдуллои Қорӣ, қарзгирӣ аз созмонҳои байнулмилалии сармоягузор меъёрҳои худро дорад ва аз қарзгирӣ аз кишварҳо фарқ дорад. Як кишвар ба кишвари дигар бар асоси манофеъи худ ва равобити дуҷониба қарз медиҳад. Созмонҳои сармоягузори байнулмилалӣ бар асоси меъёрҳои таъиншуда қарз медиҳанд, ки меъёри аслияш тавони пардохти ҳозирии кишвари қарзгиранда аст.

Ба ин далел, Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, бар он аст, ки Тоҷикистон бояд барои иҷрои барномаҳое қарз бигирад, ки иҷрои он барномаҳо ба нафъи мардум ва пешрафти иқтисод бошад.
XS
SM
MD
LG