Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

500 нозири хориҷӣ дар интихоботи Тоҷикистон


Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон мегӯяд, ба ширкати нозирон аз Конгресси ҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ дар интихоботи порлумонии кишвар ризоият додааст. Қарор аст, 10 нозир аз ин созмон ҷараёни интихоботи 28-уми февралро мушоҳида кунанд. Раиси кумиссюни интихобот, Мирзоалӣ Болтуев гуфтааст, ба сурати умум 500 нозири байнулмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва сафорату намояндагиҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар интихобот ширкат кунанд. Интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон нозирони ғарбӣ ноозоду ноодилона номидаанд, вале нозирон аз Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд аз онҳо ситоиш кардаанд.
XS
SM
MD
LG