Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои мавридҳои фасод дар татбиқи Қонуни афв


Раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, иҷрои Қонуни афв, ки дар соли гузашта ба муносибати 15-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон ва Соли Имоми Аъзам эълон шуда буд, ғолибан бо ришваю фасод ҷараён ёфтааст. Фаттоҳ Саидов дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи сешанбе гуфт, бо чунин иттиҳом чанд додрас ва кормандони додситониҳо боздошт шудаанд. Изҳороти раиси Оҷонсии мубориза бо фасод дар ҳоле садо медиҳад, ки Додситони кулли Тоҷикистон боздошти додситонҳоро аз тарафи оҷонсӣ як иғво хондааст ва коршиносон ин рӯйдодҳоро пайомади рақобати нуфуз байни ду ниҳоди давлатӣ мешуморанд.
XS
SM
MD
LG