Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани яҳудиҳои бухороии Канада ва Амрико хоҳиш кардааст, то нозиронаш дар интихоботи февралии Тоҷикистон иштирок кунанд.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, гуфт, барои бори аввал аст, ки аз ин Анҷуман як чунин хоҳиш ва даъват садо додааст. Дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба чунин натиҷа расидаанд, ки барои ҳузур ва ширкати намояндагони ин Анҷуман дар ҷараёни интихобот ҳеҷ монеа вуҷуд надорад.

Тибқи иттилои масъулони Комиссияи марказии интихобот, интизор меравад ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистонро беш аз 500 нозири байналмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, созмони Шонгҳой, Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва аз сафоратҳои хориҷӣ мушоҳида кунад.

Дар ҳоли ҳозир, як ҳайат аз нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА зери раҳбарии Артис Пабрикс, собиқ вазири корҳои хориҷаи Латвия, ба манзури назорат бар раванди омодагии интихобот дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Ба таъйиди масъулони Комиссияи марказии интихобот, имрӯз шаш нозири байналмилалӣ аз Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд вориди Душанбе шуданд.

Сатҳи қаноматмандии аҳзоби сиёсӣ аз нозирони байналмилалӣ

Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲСДТ ва яке аз номзадҳои интихоботии ин ҳизб, мегӯяд, нозирони байналмилалӣ аз кишварҳои аврупоӣ, ки собиқаи устувори демократӣ доранд, ҳама масоил ва мушкилоти раванди интихоботро холисона арзёбӣ мекунанд. Вале арзёбӣ ва баҳогузории онҳо бар натиҷаи интихобот асар намегузорад ва таҳлилу пешниҳодоти ин нозирон танҳо хислати тавсиявӣ дорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло аз муддаиёни курсии парлумонӣ аст, мегӯяд, нозирони байналмилалӣ аз Кишварҳои муштаркулманофеъ ва Созмони Шонгҳой бештар паҳлуҳои мусбати интихоботро мушоҳида карда, аслан камбуд ва навоқиси ин маъракаи муҳимми сиёсиро нодида мегиранд.

Зимнан, арзёбӣ ва баҳогузории нозирони кишварҳои ҳамсуд ва нозирон аз САҲА ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳамеша аз ҳам фарқ доштааст. Нозирони кишварҳои аврупоӣ бар тақаллуб ва ношаффофии интихоботҳо таъкид мекунанд, вале баръакси онҳо, нозирони ИДМ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ин интихоботҳоро озоду одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ қаламдод мекунанд.

Нахустин нозирин аз Анҷумани яҳудиён

Ин дар ҳолест, ки ба таъйиди масъулони Комиссияи марказии интихобот барои бори аввал аст, ки Анҷумани яҳудиёни бухороии Канада ва Амрико дархости назорат бар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро кардааст.

Интизор меравад, даҳ нафар аз аъзои Анҷумани яҳудиҳои бухороии Канадаву Амрико бо ин ҳадаф вориди Душанбе шаванд.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки солҳои ахир таваҷҷӯҳи яҳудиёни бухороии Амрико ва Канада ба Тоҷикистон афзоиш пайдо кардааст. Ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, ин гармии муносибат махсусан баъд аз он ки Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», ба ҷамоаи яҳудиҳои Тоҷикистон манзили зисти қаблии худро ба ҷойи канисаи тахрибшудаи онҳо дар Душанбе ҳадя кард, бештар эҳсос мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG