Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи манъи нисбии ҳиҷоб дар Фаронса


Кумитаи порлумонии Фаронса тавсия дод, ки ҳиҷоби исломӣ дар ин кишвар қисман манъ карда шавад. Кумита мегӯяд, пӯшидани ҳиҷоб барои занони мусулмон дар ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла мактабҳо, бемористонҳо ва нақлиёти умумӣ мамнӯъ эълон шавад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ниқоб мухолифи "арзишҳои ҷумҳурист" ва "ғайриқобили қабул аст" ва ба ҳар шахсе, ки аломатҳои намоёни тундравии динӣ нишон медиҳад, бояд корти иқомат ё шаҳрвандӣ дода нашавад. Тарҳи нав бояд дар порлумон мавриди баррасӣ қарор гирад. Бештарин шумораи мусулмонони Аврупо дар Фаронса ба сар мебаранд ва теъдоди онҳо дар ин ҷо ба 5 миллион нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG