Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди лағви мақоми сарвазир дар Қазоқистон


Ҳизби президентии "Адолат"-и Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки мақоми сарвазир дар ҳукумати ин кишвар лағв гашта, салоҳияту масъулиятҳои он бар дӯши раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев вогузор гардад. Раиси ин ҳизб, Мақсуд Нарикбоев имрӯз дар нишасти хабарие дар Алмато гуфт, таҷрибаи 18-сола нишон додааст, ки мардуми қазоқ ба як ҳоким ва як пешво дилбастагӣ доранд. Вай афзуд, дар ҳоли ба президент вогузор шудани салоҳиятҳои сарвазир, бояд як қисми салоҳиятҳои президент ба ҳукумат ва порлумон дода шаванд. Назарбоев аз соли 1991, замони ба истиқлолият расидани Қазоқистон раҳбарии кишварро дар зимма дорад. Вай дар моҳи декабри соли 2005 барои даври нави ҳафтсола интихоб шуд, аммо нозирони байнулмилалӣ мегӯянд, ин интихобот озоду одилона набуд.
XS
SM
MD
LG