Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон ба Афғонистон 500 сарбози дигар мефиристад


Нахуствазири Олмон, Ангела Меркел, пас аз баррасии масъалаҳои марбут ба Афғонистон дар ҷаласи вазирони калидияш, эълон кард, ки 500 сарбози иловагӣ ба Афғонистон хоҳад фиристод. Дар ҳоли ҳозир Олмон дар Афғонистон 4 300 сарбоз дорад. Аммо тасмими фиристодани нерӯҳои нав бояд аз тарафи порлумони Олмон ба тасвиб расад, ки ахиран ба иллати афзоиши талафоти нерӯҳои Олмон дар Афғонистон мухолифи чунин иқдом буданашро эълон кардааст. Аммо Меркел мегӯяд, сарбозон барои омӯзониш ва тамрин додани нерӯҳои Афғонистон ба ин кишвар фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG