Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани минтақаии ҳамсоягони Афғонистон


Дар остонаи нишасти байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон сарони минтақаӣ дар Истамбул бархӯрди мушатарак ба низои Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар анҷумане, ки раисиҷумҳури Туркия, Абдуллоҳ Гул онро мизбонӣ мекунад, президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай, ҳамтои покистонии ӯ, Осафалӣ Зардорӣ ва намояндагони аршади Эрон, Тоҷикистон, Чин, Русия, мақомоти НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вазири умури хориҷии Броитониё, Дейвид Милибанд, ширкат доранд. Интизор меравад, ки дар поёни нишаст як эъломияи муштарак ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG