Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори пуркурбонӣ дар маркази Бағдод


Мақомоти Вазорати умури дохилии Ироқ мегӯяд, таркише дар маркази Бағдод 17 нафарро кушта, даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ кардааст. Ҳамлавари худкуш бо мошини бомбгузоришуда бинои Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Каррадаҳро ҳадаф қарор дод. Мақомот мегӯянд, аксари қурбониён кормандони полиси Ироқ буданд. Ҳамлаи нав як рӯз пас аз таркиш дар назди меҳмонхонае дар маркази Бағдод ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он 36 нафар кушта ва 70 тан захмӣ шудаанд. Мақомоти ироқӣ ва ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида аз эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳо дар ростои интихоботи порлумонии 7-уми марти Ироқ ҳушдор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG