Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар Челябинск тамрин мекунанд


Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии олимпии Лондон-2012 ва Бозиҳои осиёӣ дар Чин ба шаҳри Челябински Русия сафар кард.

Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни гуштии дзюдои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби кишвар дар Маркази омодагии олимпии вилояти Челябинск тӯли як моҳ идома хоҳад кард. Мақсади мо ҳарчи хубтар омода шудани гуштигиронамон ба мусобиқоти интихобии олимпии Лондон-2012, ки моҳи май шурӯъ мешавад, мебошад. Ҳамчунин паҳлавонони тоҷик ба Бозиҳои навбатии осиёӣ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Гуанжоуи Чин доир мешаванд, омодагӣ мебинанд».

Ба иттилоъи Нуруллоҳ Лоиқов ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров 12 варзишгар шомиланд, ки байни онҳо паҳлавонони маъруфи кишвар, ба мисли Муҳаммадҷон Абдураҳмонов, Парвиз Собиров, Шавкат Иқболов, Ҷамшед Халилов, Шералӣ Бозоров ва якчанд нафар гуштигирони ҷавон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG