Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чарли Симпсон, ки ҳамагӣ 7 сол дорад ва дар Лондон ба сар мебарад, хост, то 500 фунт стерлинги бритониёӣ барои ёрӣ ба зарардигарони Гаитӣ ҷамъ оварад.

Вале даъвати ӯ то андозае раги тараҳҳумро дар дили мардум ба кор даровард, ки то ҳамакнун бештар аз 135 ҳазор фунт стерлинг, муодили 220 ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъ кард. Ин арқоми то субҳи сешанбест ва ҳанӯзам маблағҳо ба ҳисоби махсуси бозкардаи Чарли рехта истодаанд.

Чарли бо ёрии волидонаш дар торнамои ҷамъовари хайрия - JustGiving саҳифаи вижаеро боз мекунад ва дар он менависад, «ман мехоҳам
«Офарин, Чарли, ту ба ҳамаи мо дарси ибрат нишон додӣ». Аз назарҳои зери саҳифаи Чарли.
савори дучарха шавам ва барои Гаитӣ пул ҷамъ кунам, зеро дар он ҷо заминларзаи бузург буд ва мардуми зиёде ҷонашонро аз даст доданд. Ман мехоҳам, маблағе ҷамъ кунам, то барои мардуми Гаитӣ ғизо ва об бихарам.»

Сипас, Чарли ба дучархааш мешинад ва дар боғе дар ноҳияи Фулҳеми Лондон чарх мезанад. Дар ин муддат рақами маблағҳои рехташуда ба ҳисоби ӯ хеле зуд ба боло рафтан гирифтаанд.

Навиштаи Чарли ва нияти неки ӯ тори раҳмро дар дили садҳо нафар дар саросари дунё ларзонидааст. Яке навиштааст, «Офарин, Чарли, ту ба ҳамаи мо дарси ибрат нишон додӣ». Аз Дубай то ба Ванкувер, аз саросари дунё ба номаи Чарли посух доаанд ва дар маҷмӯъ дар зери саҳифаи ӯ бештар аз 200 саҳифа изҳори назар меистод, ки ҳар саҳифае иборат аз 30 назар аст.

Бунёди атфоли Созмони милал – ЮНИСЕФ аз номи кӯдакони Гаитӣ ба Чарли ташаккур гуфтааст ва илова кардааст, ки маблағҳои ҷамъовардаи Чарли ба бунёди вижаи ёрӣ ба кӯдакони Гаитӣ хоҳад рафт.

Мудири иҷроияи дафтари бритониёии ЮНИСЕФ гуфтааст, Чарли нишон дод, ки ӯ на танҳо дарди ҳамсолони худро дар Гаитӣ дарк мекунад, балки ҳамзамон идроке дорад, ки роҳи ёрӣ додан ба онҳоро низ медонад.

Дар охирин навиштаи Чарли дар саҳифаи интернетияш омадааст, ки ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққаш ҳарфҳои хуб гуфтаанд, ва барояш ёрӣ додаанд, ташаккур мегӯяд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG