Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар соли 2009 то ба қариб як миллиарду 700 миллион доллар расидааст, ки ин рақам баробар ба 35,8 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар будааст.

Дар нисбат ба соли 2008 қарзи Тоҷикистон ба бештар аз 300 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, бо ироаи ин арқом дар конфронси солонаи матбуотияш гуфтааст, Тоҷикистон бештар аз ҳама аз созмонҳои молии байнулмилалӣ қарздор аст, аз ҷумла аз Бонки ҷаҳонӣ - 372 миллион доллар ва аз Бонки осиёвии рушд – 301 миллион доллар. Тоҷикистон ҳамчунин аз Чин ба маблағи 630 миллион доллар, аз Узбакистон 43 миллион доллар, Эрон 20 миллион доллар, Қазоқистон 7 миллион доллар ва Туркия 3 миллион доллар қарздор будааст.

Вазири молия хабар додааст, ки дар соли 2009 беш аз 120 миллион доллар аз буҷаи кишвар барои бозгардони ин қарзҳои беруна масраф шудааст. Аз он шумор бештар аз 93 миллион доллар барои бозгардони худи қарз ва тақрибан 30 миллион доллар барои пардохти фоизҳои қарз сарф шудааст.

Дар соли 2010 Вазорати молия беш аз 36 миллион долларро барои бозгардони қарзҳои беруна дар назар гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG