Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 25-уми январ, дар шаҳри Истанбули Туркия ҳамоиши ҳамсоягони Афғонистон ба кор оғоз кард. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, намояндагӣ мекунад.

Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин раҳбарони Афғонистон, Покистон ва Туркия, ноиби раисҷумҳури Эрон, ноиби сарвазири Туркманистон ва вазирони корҳои хориҷӣ аз Бритониё, Чин, Қирғизистон ва дабирони кулли созмонҳои минтақавӣ иштирок мекунанд. Роҳҳои расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва нақшаи нави ҳукумати он кишвар ҷиҳати мусолиҳа бо Толибон меҳвари сӯҳбат дар ин ҳамоиш аст.

Нишасти минтақавӣ дар Истанбул, ба гуфтаи мақомоти Туркия, бояд ба таҳкими ҳукумати Афғонистон ва нақши ҳамсоягони он дар истиқрори эътидол дар Афғонистон тамаркуз ёбад. Яке аз ҳадафҳои асосии он ҷустани роҳи оштии Кобул бо Толибон аст, ки гуфта мешавад, дар арафаи нишасти Истанбул, аксари ҳамсоягони Афғонистон, ба вижа Эрон, Ҳиндустон ва Русия, мавзеъгирии худро тағйир дода, ҳоло тарафдори гуфтушуниди Кобул бо Толибонанд.

Ин ақида нав набуда, раисҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай низ борҳо гуфтааст, хостори гуфтушунид бо Толибон аст, вале афзудааст, Толибони мӯътадил. Моҳи ноябри соли гузашта, дар маҷаллаи бонуфузи "Форин аффайрз" ва дертар дар рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" пешниҳодҳое ба нашр расид, ки бояд дар ҳалли қазияи Афғонистон аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон истифода кард.

Ҳамоиши Истанбул дар пешорӯи конфронси байнулмилалӣ барои Афғонистон, ки рӯзи 28-уми январ дар Лондон оғоз мешавад, доир мегардад. Ҳамрохон Зарифӣ дар он нишаст низ аз номи Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

Дар пешорӯи ин нишастҳои байнулмилалӣ барои Афғонистон Андерс фон Расмуссен, дабири кулли НАТО, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таҳкими робитаҳо ва ҳамоҳангии ҳамкорӣ бо Афғонистон НАТО намояндаи аршади ғайринизомии худро таъин хоҳад кард. Раҳбари НАТО инчунин гуфт, ҳукумати Афғонистон қасд дорад, то соли 2011 шумораи нерӯҳои амниятиашро ба 300 ҳазор нафар расонад ва паймон ин нерӯҳоро бо аслиҳаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин хохад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG